Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон вазъияти минтақа ва ҷаҳонро зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда хонд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Кохи Ваҳдат зимни суханрониаш дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гуфт Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша бояд омодабоши ҷангӣ бошанд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Эмомали Раҳмон кишвардори Тоҷикистон, дар ин маҷлиси тантанавӣ гуфт, вазъияти минтақа ва ҷаҳони имрӯза, ки хусусан, вақтҳои охир зудтағйирёбанда, пешгӯинашаванда ва пур аз рӯйдоду ҳолатҳои ғайричашмдошт гардидааст, аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбиро тақозо менамояд.Раисҷумҳур гуфт, амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишварҳои орому осуда рух дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар гуна давлат, сарфи назар аз сатҳи инкишофу иқтидор, метавонад дар як муддати кӯтоҳ зери таъсири равияву ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ осебпазир гардад.“Мо возеҳан мушоҳида мекунем, ки ноором сохтани вазъият аз ҷониби чунин гурӯҳу равияҳо чӣ гуна натиҷаҳои харобиовар оварда, боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар аҳолии осоишта мегардад”, -қйд кард Эмомалӣ Раҳмон.Роҳбари Тоҷикистон махсусан қайд кард, ки дар чунин шароит ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадор аст, ки ба иҷрои вазифаи худ бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ муносибат карда, барои таъмини амнияти Тоҷикистон, пойдории сулҳу субот, зиндагии осудаи мардуми кишвар ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода бошад.

Вай инчунин илова кард, ки дар шароити таҳаввулоти имрӯза, дар баробари омодабошии баланди ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаҳои вобаста ба ташкили босифати чорабиниҳои сафарбарӣ ва омодагии сохторҳои мудофиаи ҳудудӣ бояд таҳти таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дода шаванд.Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба яроқу аслиҳаи муосир, Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишварамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button