Хабарҳо

Байден таҳримҳои нави дандоншиканашро бар зидди Русия эълон кард

Раисҷумҳури Амрико, таҳримҳои нав бар зидди Русияро эълон кард. Таҳримҳои Амрико бар зидди ду бонк, қарзи давлатӣ ва шахсони бонуфузи Русия ҷорӣ карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар паёми худ гуфт, Иёлоти Муттаҳида «қисми аввали» таҳримҳо бар зидди Русияро омода кардааст, дар сурати ташдиди авзоъ дар атрофи Украина, маҳдудиятҳои нав боз ҷорӣ карда мешавад, иттилоъ додааст Радио Sputnik.

«Имрӯз ман қисми аввали таҳримҳоро эълон мекунам, ки Русияро маҷбур месозад барои амалҳояш пардохт хоҳад кард», — гуфт раисҷумҳури Амрико.Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳо бо муттаҳидони ИМА ҳамоҳанг карда шуданд ва Вашингтон «агар Русия боз амалҳояшро идома диҳад, таҳримҳоро шадидтар хоҳад шуд».Аз ҷумла, мақомоти Амрико алайҳи қарзи давлатии Русия таҳримҳо ҷорӣ мекунанд.»Ин маънои онро дорад, ки мо ҳукумати Русияро аз маблағгузории Ғарб қатъ мекунем», — гуфт Байден.Илова бар ин, маҳдудиятҳо ба элитаи ё шахсони бонуфузи Русия ва оилаҳои ҷорӣ карда мешавад, гуфт роҳбари Кохи Сафед.

«Онҳо дар хатари фасоди сиёсати Кремлро шариканд ва дарди худро бояд эҳсос кунанд”, — илова кард Амрико.Ду бонки Русия низ ба феҳристи таҳримҳо шомил хоҳанд шуд.»Мо бар зидди ду муассисаи бузурги молиявии Русия, ВЭБ ва бонки низомии Русия таҳримҳои пурра маҳдудкунанда ҷорӣ мекунем», — гуфт Байден.Дар хотима ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар масъалаи Украина имкон дорад бо роҳи дипломатӣ ҳалли худро пайдо намояд.Боядд гуфт, ахиран Ғарб Русияро ба омодагӣ ба «ҳуҷум»-и Украина муттаҳам мекард. Маскав иттиҳомотро рад мекунад ва қайд мекар, ки Русия ба касе намехоҳад ҳамла кунад.Рӯзҳои ахир вазъ дар Донбасс муташанниҷ шуд. Артиши Украина шилики тиру тупро афзоиш дод. Талафот миёни мардуми осоишта дида мешавад. Дар робита ба таҳдиди Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ба ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетск, ин ҷумҳуриҳо аз тахлияи минтақаҳо аз занон, кӯдакон ва пиронсолон эълон карданд. Донетск ва Луганск аз Русия хостанд, истиқлоли ҷумҳуриҳоро эътироф кунад.

Ахиран Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар як паёми телевизионӣ эътирофи истиқлолияти Луганск ва Донетскро зарур шуморид ва пас аз анҷоми Шӯрои амнияти Русия фармонҳои дахлдорродар ин бора имзо кард.Қаблан радиои Sputnik хабар дод, ки Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, алайҳи теъдоде аз бонкҳо ва тоҷирони Русия таҳрим эълон кардааст. Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо низ бар зидди Русия таҳримҳо ҷорӣ кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button