Хабарҳо

ДУ ТОҶИКЕ, КИ ДУ ПУЛИСРО ДАР МАСКАВ ЗАДАНД, АКАЮ ДОДАР БУДААНД (ВИДЕО)

Саидакрам Ҳамроев ва Умар Расулҷонзода, ду ҷавони тоҷике, ки шоми 17 феврал дар истгоҳи метрои “Тулская” ду корманди пулиси метрои Маскавро кӯфтанд, акаю додар будаанд.Падари онҳо Расулҷон Ҳамроев дар як муроҷиатномаи видеоӣ гуфт, аз коре, ки фарзандонаш дар мулки мусофирӣ карданд, розӣ нест. Расулҷон Ҳамроев гуфт, писари якумаш Саидакрам 21 сол ва дуюмаш Расул ҳамагӣ 18 сол доранд ва Умар, ки бори аввал ба Русия рафта буд, ҳанӯз намедонист, ки пулисро задан мумкин нест. Падари Саидакрам ва Умар гуфт, вақте Умар дидааст, ки кормандони пулис бародарашро ба замин хобонданд, номусаш омадааст ва сари қаҳр ба пулис ҳамла оварда, якеи онҳоро бо шатта задааст.Расулҷон Ҳамроев гуфт, бо адвокатҳо суҳбат кардааст ва онҳо гуфтаанд, ки Саидакрам ва Умар метавонанд бо ҷарима халос шаванд. Ӯ гуфт, барои таъмини ҳимояти ҳуқуқии фарзандонаш ба кумаки молиявӣ эҳтиёҷ дорад. Расулҷон Ҳамроев аз ҳамватанон хост, ки барои пардохти пули адвокатҳои фарзандонаш ба ӯ кумак расонанд.Саидакрамро дар ҷои ҳодиса ва Умарро рӯзи дигар дастгир карданд ва ҳардуро алакай бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Ба зидди онҳо бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат ҳангоми иҷрои вазифаашон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба акаю додар бар асоси моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия то 5 соли зиндон ва сипас депортатсия таҳдид мекунад.Пулиси Маскав видеои бозпурсии Саидакрам ва Умарро нашр кард. Умар ҳангоми бозпурсӣ ба ягон савол ҷавоб надода, хомӯширо ихтиёр кард, вале Саидакрам дар шарҳи он ҳодиса гуфт, ӯ ягон муқовимат нишон надода буд. “Пулис дастамро тоб дод ва ман танҳо гуфтам, ки дастатро бигир. Баъди ин моҷаро сар шуд”, нақл кард Саидакрам. Дар як ҳафтаи охир ин алакай сеюмин хабари ҳамлаи муҳоҷирон ба кормандони пулис танҳо дар шаҳри Маскав аст. Дар ду ҳамла зодагони Тоҷикистонро айбдор мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button