ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Гази моеъ дар Тоҷикистон боз арзон шуд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон коҳишёбии нархи гази моеъ идома дорад.Дар ҳафтаи нав арзиши газ боз поин рафт. ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши газ асосан шимоли кишвар, дар вилояти Суғд 1 литр гази моеъро бар ивази 6 сомонию 30 дирам медиҳанд.Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳафтаи қаблӣ қимати маводи сӯхт 7 сомониву 80 дирам буд, аммо дар охири ҳафта ба 6 сомониву 60 дирам поин рафт.Ба гуфтаи фурӯшандагон, қимати гази моеъ ба далели афзоиши тадриҷии воридот аз Ӯзбекистон ва Туркманистон поин меравад.Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон таъминкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.Ҳанӯз маълум нест, ки нархи гази моеъ дар кишвар дар идома ба нишондиҳандаҳои қаблияш баргашт хоҳад кард ё на.Аммо агар арзиши он аз ҳаҷми воридот вобаста бошад, Тоҷикистон дурнамои хуб дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button