Хабарҳо

РАҲИМИ ҒАРМӢ КИСТ? РОҲИ ЗИНДАГИИ МИЛЛИОНЕРИ НОМДОРИ ТОҶИК

Дар даҳаи аввали соли 2000 замоне ки Раҳими Ғармӣ мағозаи маъруф ба номи «Дом одежда» -ро дар ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Новосибирск харидорӣ кард, аксар тоҷикон аз ин амали ӯ ҳайратзада буданд. Зеро то ин замон аксар тоҷикон дар бозори маъруфи яклухтфуруши маъруф ба «Барахолка» — и Гусинобродский , баъдан Маҷмааи савдои «Восток» кор меҷустанду манбаи даромадро аз ин макон мепиндоштанд. Баъзеҳо ҳадс мезаданд ки Раҳим беҳуда дар ин кор маблағгузорӣ кардаасту муфлисшавии ӯ мисоли рӯз равшан аст. Он замон ҳар касе ки дар ин бозор зиёдтар нуқтаҳои фурӯш дар ихтиёр дошт, ҳамонро пулдору муваффақ мепиндоштанд. Боқимонда тоҷикон қариб ки аксарият дар ин бозор ба аробакашӣ машғул буданд!Аммо Раҳими Ғармӣ на ин ки муфлис нашуд, балки баръакс таваҷҷӯҳи мардум ва харидорон ба чунин мағозаҳои фурӯши либос бештар гардиду сафи мағозаҳояш афзудан гирифт. Ҳамин тавр дар як муддати кӯтоҳ шумораи мағозаҳои либосфурушӣ бо номи «Планета одежда и обувь» ( Олами либосу пойафзол) дар саросари вилояти Новосибирск ва дигар шаҳрҳои атрофи он афзудан гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button