Хабарҳо

ХУДОЙҚУЛОВ, БОБОҚУЛОВ, МУҲАММАДИЕВ, БУРҲОНОВ… НОМИ ҒОРАТГАРОНИ МАҒОЗАИ “ПЯТЁРОЧКА” МАЪЛУМ ШУД (ВИДЕО)

Телеграм-канали SHOT исми 4 нафари дастгиршуда бо иттиҳоми ҳамлаи хунин ба мағозаи “Пятёрочка” дар ҳудуди ноҳияи Истраи вилояти Маскавро нашр кард. Бино ба иттилои ин канал, ин 4 нафар ҳама зодагони Тоҷикистон буда, расман дар ягон ҷо кор намекарданд.1. Зафар Худойқулов, 29-сола, аз соли 2017 дар Русия қарор дошта, бе сабти ном зиндагӣ мекард.2. Ҳабибулло Муҳамадиев, 21-сола, муваққатан дар вилояти Маскав сабти ном дошт. 43 ҳазор рубл аз пулҳои ғоратшударо аз ҳуҷраи вай пайдо кардаанд. 33. Назирқул Бобоқулов, 19-сола, ӯ бо Муҳамадиев дар як ҳуҷра сабти ном дошт. 4. Акбаралӣ Бурҳонов, 24-сола, аз соли 2020 дар Русия қарор дошта, дар шаҳри Маскав сабти ном доштааст.Хабаргузории ТАСС хабар дод, ки додгоҳ ҳанӯз моҳи марти соли 2021 Ҳабибулло Муҳамадиевро дар фаъолияти кории ғайриқонунӣ гунаҳкор шинохта, ҳукми ихроҷи ӯ аз Русияро бароварда будааст, вале ӯ бо кадом роҳе тавонистааст, дар Русия бимонад. Ба иттилои манбаи дигари ТАСС, дастикам як нафар аз ин 4 нафари дастгиршуда қаблан ҳудуди як сол дар шабакаи мағозаҳои “Пятёрочка” кор карда будааст.

https://youtube.com/watch?v=JWA01LXmUG0
https://youtu.be/JWA01LXmUG0

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button