Хабарҳо

ҶАВОБ БА ҲАМА ХОИНҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК BORODA TJ (Видео)

ЧАВОБ БА ХАМИ ХОХИНХО / BORODA TJ

Паҳн кардани ахбори бардурӯғ аз ҷониби бадхоҳони миллат!

Чуноне, ки мегӯянд: «душман барои пиёда сохтани нақшаҳои худ даст ба ҳар гуна амалҳои нопок мезанад». Ҳамчунин, ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ барои амалӣ намудани нақшаҳои худ моҷароҷӯӣ намуда, ахбори бардурӯғ ва иғвоангезонаро чунон обу тоб дода пешкаши мардум мегардонад, ки дар асл асоси воқеӣ надоранд. Ин хоинони Ватан, ки аз ҷазои ҷиноятҳояшон ба кишварҳои хориҷӣ фирор намудаанд, бо ҳар роҳ талош менамоянд, то ин ки ҷиноятҳои содир намудаашонро дар назари мардум камранг нишон диҳанд. Мақсад аз паҳн кардани маълумоти бардурӯғ оид ба авзои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо маҳз коштани тухми кина миёни мардум аст, ки ҳамагон аз ин кирдори ноҷавонмардонаашон огоҳанд.Ин афроди ҷинояткору бадхоҳи миллату давлати тоҷикон, наҳзатиҳои хунхор бо ҳар роҳу восита худро «ғамхори» мардум вонамуд сохта, боварии онҳоро ба даст овардан мехоҳанд ва дар охир мебинем, ки инсонро ба аъмоли нопокашон олуда месозанду зиндагии осуда ва осоиштаи ӯро барбод медиҳанд ва танҳо дар роҳи даҳшатафканиву зулму ситам ба башар истифода мекунанд.Бояд хотирнишон сохт, ки яке аз минбароне, ки дар он ин ҳадафу аъмоли нопокашонро амалӣ месозанд, ин барномаи хабарии «Дидгоҳ» мебошад. Ровии ин барнома яке аз фирефташудагони наҳзат Шавкати Муҳаммад мебошад, ки паёми душманона ва бесару нугу пойдарҳавои саркардаи наҳзатӣ (М. Кабирӣ) ва ҳаммаслаконашро ба мардум мерасонад. Ҳамоно ин саги интизори устухон оид ба масъалаи андоз «таҳлиле» намуда, боз чун ҳарвақта иттҳомот ва бофтаҳояшро ба сари Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти олии он ҳавола сохтааст. Ин хоини миллат ва давлат бо нашр намудани чунин хабарҳои ҳангомаҷӯёнаи хеш, бори дигар собит месозад, ки танҳо як мақсад дорад, ки он ҳам ҳадафҳои палидонаи худро дар Ватани ободи мо пиёда сохтан аст. Имрӯз дар кишварҳои даргири олам маҳз чунин афроди ҳангомаҷӯ иғвоангез ва дасисабозоне чун наҳзатиҳо ҳастанд, ки боиси сар задании низоъ ва нооромиҳо мегарданд.Бинобар ин, ба ахбору гузоришҳо ва навиштаҷоти «хабарнигороне», ки аз ҷониби наҳзатиҳо барои пахш намудани маълумотҳои бардӯрғ маблағгузорӣ мешаванд, набояд бовар кард. Ва ҷомеаи имрӯзаро месазад ҳушёрӣ ва зиракиро пеша карда, бар муқобили ин гуна бадхоҳони миллат ҷасурона мубориза баранд.Саидова Санавабар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button