Хабарҳо

Дар Маскав 4 тоҷик фурӯшандаи мағозаро куштанд. Видео

Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия хабар медиҳад, ки дар шаҳри Истра, дар наздикии Маскав ба дӯкони хӯроквории «Пятерочка» ҳамла кардаанд, дар ҷараёни он ҳамлагарон як фурӯшандаро куштаанд.Полисҳо фавран ба ҷустуҷӯи ҷинояткорон шуруъ карданд, то ин ки муайян намоянд, ки фурӯшандаро кушта, ду касро лату кӯб кардааст.

Чаҳор гумонбар боздошт шуданд – ҳамаашон аз Тоҷикистонанд. ВАО гузориш медиҳанд, ки ғоратгарон аз сейф ҳудуди 71 ҳазор рублро дуздидаанд.

Ҳамаи гумонбарон аз 19 то 24 сола мебошанд. Онҳо дар наздиктарин деҳаи Чесноково, 50-километрии маҳалли ҳамла пайдо шуданд.

Ҳодиса шаби 9 феврал дар яке аз дӯконҳои деҳаи Новопетровскоеи Истраи вилояти Маскав рух додааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button