Хабарҳо

ВИДЕО ВА ҚИЁФАИ ҒОРАТГАРОНИ МАҒОЗАИ “ПЯТЁРОЧКА” НАШР ШУД (ВИДЕО)

АБДУЛЛО ДАВЛАТОВ ИН ҒОРАТГАРОНРО ДОҒИ НАНГИНЕ БАРОИ ТОҶИКИСТОН НОМИД

ВКД Русия дар каналаш дар Ютуб видеои нахустин бозпурсӣ ва қиёфаи нафарони гумонбар дар ҳамлаи хунин ба мағозаи “Пятёрочка” дар деҳаи Новопетровское дар канори шаҳри Истраи вилояти Маскав, воқеъ дар 70километрии шимолуғарби шаҳри Маскавро нашр кард. Дар видео се нафар аз чор нафари дастгиршуда дида мешаванд. Вале ВКД Русия ному миллияти дастгиршудашонро нашр накарда, онҳоро танҳо “зодагони яке аз кишварҳои хориҷаи наздик”, яъне СНГ ном бурдааст. Дар видео овози дастгиршудаҳоро ҳам хомӯш кардаанд. Вале аз дида мешавад, ки онҳо қиёфаи, ба истилоҳ, “осиёӣ” доранд ва зоҳиран аз Осиёи Марказианд. Кумитаи тафтишот низ қаблан бо лаҳни дипломатӣ дастгиршудаҳоро “чор шаҳрванди яке аз кишварҳои ҳамсоя” ном бурд ва исми ягон кишварро наовард. Вале расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки дастгиршудагон ҳама зодагони Тоҷикистонанд. Дар ин байн танҳо манбаи Лента.Ру дастгиршудагонро шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон ном бурдааст.Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия дар суҳбат бо Газета.Ру ин 4 нафари боздоштшударо “доғи нангине барои миллат” номид ва гуфт, доғдор кардани обрӯи мардум ҷинояти онҳоро “боз ҳам манфуртару малъунтар нишон медиҳад”. “Ман барои чунин одамон ҷазои аз ҳама сахтро талаб дорам. Барои мо дардовар он аст, ки онҳо мардумро моро беобрӯ карданд… Аз ҳама бадаш он аст, ки онҳоро боз мусулмон хоҳанд гуфт. Дар чунин одамон заррае мусалмонӣ нест. Ҳаёти инсон дар Ислом аз ҳама арзишманд аст, сарватҳои моддӣ дар баробари ҳаёт қадре надоранд. Вале инҳо барои нафси бади худ даст ба ҷони як инсон заданд ва аз ин рӯ сазовори шадидтарин ҷазоянд” — гуфтааст Абдулло Давлатов ба нашрияи Газета.Ру.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button