ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Боздошти ронанда барои оташ задани мошинҳои таксӣ дар Бохтар

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон муттаҳам дар оташ задани мошинҳои таксӣ дар шаҳри Бохтарро дар як гузаргоҳи марзӣ боздошт кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 25-сола бо иттиҳоми оташ задани мошинҳои таксӣ дар Бохтар хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҷавон дар ҳоле боздошт гардидааст, ки қасди фирор аз кишварро доштааст.ВУД тавзеҳ дод, ки ҳодисаи оташзанӣ нимишаби 5 феврали соли равон дар ҳудуди истгоҳи нақлиётии ширкати «Сафар Ориён», машҳур бо номи «Такси 1111» дар шаҳри Бохтар рух додааст.Аз ҷумла ду мошини «Опел» оташ зада шудаанд, ки ба сокинони Кӯшониён ва Вахш тааллуқ доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button