Хабарҳо

Раиси Хоруғ: Маҳмадбоқир таслим шавад дар назди қонун посух гӯяд.

Раиси Хоруғ: Маҳмадбоқир таслим шавад. Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров яке аз лидерони ғайрирасми ВМКБ талаб намудааст, ки худро ба мақомот таслим кунад ва дар робита ба фаъолиятҳояш дар назди қонун посух гӯяд. Ӯ ҳамчунин, аз аҳолии шаҳри Хоруғ даъват кардааст, ки ба навбатдории шабонарӯзӣ дар шаҳр хотима диҳанд. Дар муроҷиатномаи видеоӣ, ки шоми 6-уми феврал дар телевизони маҳалии “Бадахшон” нашр шудааст, Назарзода аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Хоруғи Боло ном бурда, талаб кардааст, ки рафта тибқи талаботи қонун барои фаъолияти кардааш худаш посух диҳад.Шаҳрдори Хоруғ ҳамчунин, аз сокинон даъват намудааст, ки аз навбатдории шабонарӯзии фарзандонашон, сӯзонидани балонҳо ва мондани постҳо, инчунин маҳкам кардани роҳҳо пешгирӣ ва худдорӣ намоянд. Зеро ба таъкиди ӯ, амали онҳо ғайриқонунӣ буда, нисбати чунин шахсон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода мешавад.Ин масъули давлатӣ давоми 30 сол дар Хоруғ давом ёфтани амалҳои ғайриқонуниро натиҷаи реша давонидани гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ, беҷазо мондани онҳо ва бетарафу тамошобин будани бархе аз аҳли зиё маънидод кард. Назарзода Шодӣ воқеаҳои 25-28 ноябри соли 2021 маҳкум намуда, аз сокинони Хоруғ даъват намудааст, ки минбаъд ғуломи қонун бошанд. — Гурӯҳҳои дигари сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз он, ки ягон салоҳияти ҳуқуқӣ надоранд, бемувофиқаи мақомоти давлатӣ, аз пеши худ сокинонро ҷамъ мекунанд, мулоқотҳо ташкил мекунанд ва ба паҳн намудани маълумоти беасос, наворҳои видеоӣ ва мароҷиатҳои ғайриқонунӣ даст мезананд, ки хилофи қонунгузории ҷории Тоҷикистон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button