Хабарҳо

Оқибати мастӣ: Ҳабси 4-нафар давоми ҳафтаи сипаришуда барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, махсусан дар ҳолати мастӣ дарафтодан ба атрофиён дағалтарин қонуншиканӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона баъзе нафарон машруботи спиртиро аз меъёр зиёд истеъмол намуда, дар бозору дигар маконҳои ҷамъиятӣ бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ҳамзамон бо ҳолати ҳузнангези худ боиси коста гаштани ахлоқу одоб ва ҳусну зебогии атроф мегарданд.
  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳафтаи ҷорӣ якчанд далели дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятиро ошкор намуданд, ки дар натиҷа нисбати номбурдагон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.
  Аз ҷумла, шаҳрванд Сафаров Қодир Бектошевич санаи таваллудаш 15.02.1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор деҳаи Зафар, дар ҳолати мастӣ дар назди бозорчаи «Жилмасив» воқеъ дар кӯчаи С.Айнии н.Шоҳмансур, шаҳрвандону атрофиёнро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботу оромиро дағалона вайрон кардааст.


  Нисбаташ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 6-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Давоми ҳафтаи сипаришуда ду нафари дигар низ дар бозорчаи «Жилмасив» воқеъ дар кӯчаи С.Айнии н.Шоҳмансур аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд, ки дар ҳолати мастӣ нисбати атрофиён дашому ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекарданд.
Инҳо шаҳрвандон:
Амиров Баҳодур Абдуллоевич, санаи таваллудаш 6.11.1982, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, деҳаи Пешқадам;


Дарвешов Абдулаҳад Самандарович санаи тавалудаш 20.03.1989, истиқоматкунандаи шаҳри Роғун, деҳаи Ҷавонӣ, мебошанд.


  Нисбати ҳар ду протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
  Ҳамзамон шаҳрванд Шамсов Исломиддин Тоҷиддинович, санаи таваллудаш 11.05.1970, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ низ айнан барои дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир ва нисбаташ ба муҳлати 6 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ татбиқ гардид.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button