Хабарҳо

Дамирбек Олимов бар асари як садама дар Сартукай Субҳи имрӯз соати тақрибан 3 ба ҳалокат расидааст.

Даргузашти Дамирбек Олимов ҳунарманди саршиноси тоҷик дар 33-солагӣДамирбек Олимов, ҳунарманди ҷавони пуровозаи кишвар, субҳи имрӯз бар асари як садамаи нақлиётӣ даргузашт. Дар ин бора дӯстону наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд. Як манбаъ аз наздикони овозхон ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ӯ шаб дар як тӯй дар тарабхонаи Боғи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст ва субҳи имрӯз, соати 3 ҳангоми аз ин тарабхона рафтан дар роҳ бо ду навозандааш ба садама дучор мешаванд.Онҳоро ба беморхонаи рақами 1 шаҳри Хуҷанд мебаранд, ки мутаассифона дар беморхона Дамирбек Олимов мефавтад.Дамирбек Олимов 20 марти 1989, дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд таваллуд шуда буд.Падари ӯ Ботурҷон Олимов ҳам овозхон аст. Баъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1995—2004 дар донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд дониш андӯхта, онро хатм кардааст. Фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз кардааст. Дар ансамбли шашмақомхонии «Нури Хуҷанд», бо раҳбарии Ҳунарманди мардумии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов ва дар дастаи «Садои Суғд» кор мекард. Оиладор аст ва соҳиби 3 фарзанд, 2 писару 1 духтар буд.

Ҳофизи шинохтаи тоҷик муаллифи суруди машҳури «Дунё» Дамирбек Олимов бар асари як садама дар Сартукай Субҳи имрӯз соати тақрибан 3 ба ҳалокат расидааст. Навори садама ки 18+ аст ва маълумоти пурра дертар дар телеграм канали канали Парвиз ТВ нашр мешавад! ХУДО РАҲМАТ КУНАД!

https://www.facebook.com/ParvizTV/videos/366102524940211

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button