Умумӣ

“Ҳама гап сари равған аст”. Фарзияи заҳролудшавии хуҷандиҳо аз “грил”

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода фарзияи худро дар бораи заҳролудшавии одамон аз мурғи бирён ё худ “грил”-ро  дар яке аз бозорҳои бузурги Хуҷанд баён кард. Маълум шуд, ки сари худи мурғ тамоман сухан намеравад.

“Гап сари равған аст. Ошпаз мурғро чандин маротиба дар як равған бирён мекард, ки пас аз истифодаи такрории равған он зараровартар мешавад. Дар натиҷаи ҳамин равған ба заҳролудшавии одамон боис гардид”, – изҳор дошт вай имрӯз, 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Ёдрас мекунем, ки бар асари истеъмоли мурғи бирёншуда (грил) дар яке аз бозорҳои Хуҷанд зиёда аз 50 кас заҳролуд шуда, даҳҳо нафарашон дар беморхона бистарӣ шуданд.

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати ду фурӯшандаи нуқтаи фурӯши ин маҳсулот парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button