ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Юсуф Раҳмон: Аз ҷониби мақомоти Прокуратура беш аз 85 ҳазор қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 вобаста ба назорати риояи иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар маҷмӯъ 6291 санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, 85 198 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 184 514 нафар шаҳрвандон барқарор карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон маълумот дод, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни нишаст.

Ба гуфтаи Прокурори генералӣ, дар фаъолияти корӣ мақомоти Прокуратураи кишвар диққати асосиро ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода, тарзу усулҳои нави прокурорӣ ба роҳ монда, самаранокии фаъолиятро баланд бардоштанд.

Зикр гардид, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ 24 ҳазору 118 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020 2,8 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 80,4 фоизро ташкил медиҳад.

Мавсуф зикр намуд, ки дар як вақт ҷиноятҳои одамкушӣ 4 адад, ғоратгарӣ 23 адад, авбошӣ 101 ва ҷиноятҳои дорои хусусияти  экстремистӣ-террористӣ 143 адад нисбат ба соли қаблӣ камтар содир шудаанд. Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон нисбат ба соли 2020 30 адад камтар содир шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button