Хабарҳо

Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал

Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки шумораи аксари ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони иҷроияи ҳукуматҳои маҳаллӣ – 281 ҷиноят, маорифу илм – 139 ҷиноят, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ-90 ҷиноят, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ — 29 ҷиноят, корҳои дохилӣ – 69 ҷиноят, мудофиа -28 ҷиноят, фарҳанг 27 ҷиноят, нақлиёт 22 ҷиноят, кумитаҳои идораи замин ва геодезия– 149 ҷиноят, ҳифзи муҳити зист – 16 ҷиноят, ҳокимяти судӣ — 23 ҷиноят, барқи тоҷик ва идораҳои барқтаъминкунӣ – 101 ҷиноят, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ– 157 ҷиноят ва дигар сохторҳо – 216 ҷиноят содир гардидаанд. Ин дарҳолест, ки дар бораи эҳтимоли содир шудани ҷиноят ва боздошт шудани кормандони худи Оҷонсӣ, як масъули он гуфт, ки дар соли 2021 нисбати ҳеҷ як корманди ин соҳа ягон ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст. Сулаймон Султонзода афзуд, ки Оҷонсӣ дар соли 2021 дар Тоҷикистон нисбати 1274 нафар шаҳрвандон 2088 ҷинояти коррупсионӣ ошкор намуд, ки 885 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешаванд.Ба иттилои ӯ, ба Оҷонсӣ 4396 муроҷматҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ ворид гардидааст, Султонзода таъкид кард, ки дар пайи таҳқиқи парвандаҳо 1466 парвандаи ҳуқуқвақронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст..

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button