Хабарҳо

20 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ СОКИНИ ҲИСОР БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ҶИЯНИ НОБОЛИҒАШ

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҳукми худ аз 13 январи соли ҷорӣ сокини ҷамоати Ҳисори шаҳри Ҳисор Саминов Нозимҷонро бар асоси моддаи 138, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни 14 норасида гунаҳгор дониста,ба 20 соли маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард.Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 31 январ бархе ҷузъиёти ин парвандаро, ки тафтиши онро додситонии Ҳислор анҷом додааст, нашр кард. Бино ба ин манбаъ, “дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Саминов Нозимҷон Ашӯралиевич, санаи 21 сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30 дар ҳолати мастӣ, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, духтари ноболиғи бародараш “С”-ро, ки падару модараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, фарзанди ноболиғашонро таҳти парастории ӯ гузошта буданд, аз ҳолати оҷизии ноболиғ истифода намуда, ӯро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст.”Тафсилоти дигари ин парванда нашр нашудааст. Назари тарафи маҳкумшуда ва ҷабрдида ё вакилони онҳо феълан дастрас нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button