Ҳуқуқи инсон

Ҳабси марди 43 сола барои таҳқиру озори лафзии модар

Мутаассифона вақтҳои охир ҳолатҳои мавриди озору шиканҷа қарор гирифтани волидайн аз ҷониби бархе аз фарзандон ба қайд гирифта шуда истодааст, ки ин амал аз костагии ахлоқу одоби чунин фарзандон ва дар рӯҳияи носолими хонаводагӣ тарбият ёфтани онҳо дарак медиҳад.
   Дар ин замина кормандони мақомоти милитсия бо мақсади ба вуҷуд овардани созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ниҳоят андешидани чораҳои дахлдору таъсиррасонии қонунӣ баҳри пешгирии ҳолатҳои сар задани ҷиноятҳои вазнин дар ҳудуди оила тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
   Ҳафтаи ҷорӣ низ дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як нафар модар, шаҳрванд Самадов Озар Валиҷонович санаи таваллудаш 07.11.1979, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои санҷишӣ муайян гардид, ки номбурда мунтазам бо модари худ муноқиша ва бо суханони дағалу амалу рафтори ношоиста ӯро мавриди озор қарор медодааст.


   Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Самадов Озар парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button