Хабарҳо

Пирӯзи Лоиқ Раҷбов бо Зак Зейни амрикоӣ (Видео)

Размикори шинохтаи тоҷик, ки охири соли гузашта ба лигаи «Eagle» FC гузашт, нахустин муҳорибаашро дар доираи ин созмон анҷом медиҳад

Eagle» FC бо нашри як эълон хабар дод, ки нахустин зӯрозмоии Лоиқ Раҷбов бо Зак Зейни амрикоӣ баргузор мешавад. Зейни 32-сола 15 пирӯзӣ ва 9 бохт дорад.Ба иттилои лига, мусобиқа 28 январ дар шаҳри Майамии ИМА дар назар аст. Лигаи EFC, ки онро Ҳабиб Нурмуҳаммадов раҳбарӣ мекунад, ҳадафи баргузории мусобиқаҳо дар ИМА-ро муаррифии бошгоҳу варзишкорон дар сатҳи ҷаҳонӣ хонд.Қаблан Нурмуҳаммадов гуфта буд, ки барпо кардани мусобиқоти наву бузург дар ИМА ҳарчанд гарон аст, аммо барои роҳёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва ба муаррифии бошгоҳу варзишкоронаш мусоидат хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button