ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тағйирот дар «Барқи Тоҷик». Барканорӣ ва таъини чанд мансабдор дар Тоҷикистон

Бар асоси фармону амри раиси ҷумҳурӣ ва қарори ҳукумати Тоҷикистон чанде аз мансабдорон аз мақомҳои худ барканор ва чанд каси дигар соҳиби вазифаҳои нав шуданд.

Тағйироти кадрӣ, ки мухолифон бештар ҷойивазкунии кадрҳои куҳна меноманд, рӯзи 27-уми январи имсол дар ширкати “Барқи Тоҷик”, сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва чанд шаҳру ноҳияи тобеи маркази ҷумҳурӣ сурат гирифт.

Сабаби барканории баъзе аз мансабдоронро расидан ба синни нафақа гуфтаанд, вале аксарият дарҳол дар ниҳодҳои дигар соҳиби вазифа шудаанд.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон пас аз ҷаласаи солонаи ҳукумат сурат мегирад. Ҷаласа охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд.

Мухолифон ҳамеша тағйироти кадриро дар идораҳои давлатии Тоҷикистон танқид карда мегӯянд, он бештар аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки парвардаи низоми ҳозира ҳастанд ва аз эҳтимол дур аст, ки ба ислоҳот дар соҳаҳои худ даст бизананд. Мақомот ҳар дафъа таъкид мекунанд, ки шахсони ҷавону боистеъдодро ба вазифа таъин кардаанд.

Барканор шуданд:

Мирҳаёт Ёқубзода аз вазифаи муовини раиси Бонки миллӣ;

Соҳибназар Ғайратшо аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Олмон;

Хуршед Зиёӣ аз вазифаи мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ;

Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси Кумитаи рушди маҳал;

Раҳмоналӣ Амирзода аз вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат;

Музаффар Сулаймонзода аз вазифаи раиси шаҳри Роғун;

Шарифҷон Ҷумъазода аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор;

Мирзо Исмоилзода аз вазифаи раиси Ширкати “Барқи Тоҷик”;

Таъин шуданд:

Имомуддин Сатторов – сафири Тоҷикистон дар Олмон;

Хайриддин Усмонзода – мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ;

Шарифҷон Ҷумъазода – раиси Кумитаи рушди маҳал;

Мирзо Исмоилзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат;

Сунъатулло Саидзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун;

Қосим Роҳбар – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор;

Маҳмадумар Асозода – раиси Ширкати “Барқи Тоҷик”

Усмон Давлатзода – мудири Корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button