ВарзишТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сомон дар Португалия гирифтори коронавирус шуд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик гирифтори коронавирус шуд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод.Мариз шудани Маҳмадбеков дар ҳолест, ки ӯ ва Комроншоҳи Устопириён бояд Тоҷикистонро дар Португалия муаррифӣ намоянд.»Мутаассифона, Сомон Маҳмадбеков дар Гран — Прии Португалия ширкат намеварзад. Ташхиси ӯ аз коронавирус мусбат баромад», — омадааст дар хабари федератсия.Феълан Сомон дар Португалия қарор дорад ва маълум нест, ки вазъи сиҳатии ӯ чӣ гуна аст.Ҳамин тариқ, Комроншоҳ ҳоло ягона варзишгари тоҷик монд, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи Гран — Прии Португалия, дар вазни 90 кило муаррифӣ мекунад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button