Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар як сол 735 ҳазор хориҷӣ шаҳрванди Русия шудаанд

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, дар соли 2021 беш аз 735 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии ин кишварро гирифтанд. Ин рақам нисбати соли 2020-ум 79 ҳазор маврид бештар аст.

Ниҳоди мазкур дар нимаи аввали соли гузашта гуфта буд, ки зиёда аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шиносномаи Русия шуданд. Дар миёни онҳо мутахассисон ва кормандони ботаҷриба кам нестанд.

Мухолифон ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки шароити корро дар дохил фароҳам намекунад, то мутахассисон ба муҳоҷират нараванд. Шаҳрвандии Русияро баъзе аз тоҷикон барои дарёфти кори беҳтар хуб медонанд, аммо иддае мегӯянд, бо вуҷуди гирифтани шаҳрвандӣ дар ин кишвар “бегона” мемонанд.

Дар гузашта чанд чеҳраи шинохта, аз зумраи ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон ба мисли Каромат Шарифов ва Иззат Амон, аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум ва ба Тоҷикистон ронда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button