Хабарҳои кӯтоҳ

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканории вазиру таъйини 

Дар Тоҷикистон курсии муовини сарвазир дар умури иқтисод, ки тайи шаш моҳи ахир холӣ буд, соҳибашро ёфт

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон таъин шуд.Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, дар ин маврид фармони дахлдори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шудааст.“Мавсуф муовини сарвазир дар умури иқтисодӣ хоҳад буд, вазифае, ки қаблан Давлатшоҳ Гулмаҳмазода ба зимма дошт»,- гуфт манбаъ.Қаблан дар ин мақом Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ менишаст, ки моҳи августи соли 2021 бо фармони раисиҷумҳури кишвар сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин шудЗиёзода то расидан ба курсии муовини сарвазир вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистонро ба зима дошт.Ӯ дар ин мақом ҳамагӣ ду сол кор кард.Номбурда 60 сол дошта, хатмкардаи донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аст.Дар гузашта раҳбари ноҳияи Зафаробод ва муовини раиси вилояти Суғд низ буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button