Хабарҳои кӯтоҳ

Аъзои як хонавода ва аз 20-сола боло: Эълони номи 6 тоҷики ҳалокшуда дар Волгоград

Ному насаби ҳар шаш тоҷикистонии ҳалокшуда дар вилояти Волгоград маълум шуд. Ду нафари онҳо аъзои як хонавода будаанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ному насаби шаш муҳоҷире, ки бар асари заҳролудшавӣ ҳалок шуданд, нашр намуд ки инҳо:Соломов Идибек Мирзохуҷаевич , соли таваллудаш 4 апрели соли 1992,Файзиддинов Нуридин Айнидинович, соли таваллудаш 4 марти 1985,Кабутов Саидакрам Хусниддинович – соли таваллудаш 17 феврали соли 2000Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ – соли таваллудаш 7 феврали 2000Файзиддинов Қобилҷон Комилҷонович – соли таваллудаш 13 марти соли 2001Файзиддинов Қосимҷон Комилҷонович – соли таваллудаш 4 июли соли 2002Ин ниҳод нагуфт, ки муҳоҷирони заҳролудшуда аз кадом минтақаи Тоҷикистон ҳастанд.Аз ному насаби ду нафари онҳо маълум аст, ки аъзоёни як хонавода мебошанд.Намояндагӣ зикр намудааст, ки бо дарёфт кардани ин хабари нохушоянд бо мақомотҳои марбутаи Русия дар тамос шуда, дар ҳамбастагӣ бо кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Волгоград сафарбар шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳодиса 26 январи соли 2022 рух додааст. Тибқи тафтишот, ин ҳафт шаҳрванди кишвар барои анҷом додани корҳои зироаткорӣ ба вилояти Волгоград омада будаанд.Кумитаи тафтишот пас аз марги шаш муҳоҷири тоҷик дар вилояти Волгоград парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.Ҳангоми кор дар гармхона шаш нафар аз оксиди карбон заҳролуд шуда, онҳоро коргари ҳафтум ошкор карда, ба корфармо муроҷиат кард ва ӯ мошини ёрии таъҷилиро даъват намудааст. Ҳоло муҳоҷири ҳафтум дар бемористон қарор дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button