Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Президенти Арманистон истеъфо дод

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Арманистон Армен Саркисян истеъфо дод. Дар ин бора сарвари давлат дар вебсайти худ хабар дод.»Ман муддати хеле тӯлонӣ фикр кардам ва пас аз тақрибан чаҳор соли кори фаъол тасмим гирифтам, ки аз мақоми раисиҷумҳури Арманистон истеъфо диҳам. Ин комилан тасмими эҳсосотӣ нест ва аз як мантиқи муайян бармеояд», — таъкид кард Саркисян.Ба гуфтаи вай, «раисиҷумҳур абзори зарурӣ барои таъсир расонидан ба равандҳои бунёдии сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар давраи душвори кунуниро надорад».Саркисян қайд кард, ки ниҳоди сарвари давлат «набояд объекти ғайбат ва назарияҳои тавтеа бошад», ки таваҷҷуҳи ҷомеаро аз масъалаҳои муҳим дур кунад.Имруз ба Арманистон «амали пурмазмун ва хуб андешидашуда» лозим аст, гуфт вай.»Дар акси ҳол, мо, арманиёни тамоми ҷаҳон, ба ҳадафи рисолати худ намерасем, худро дар ҳошияи таърих хоҳем дид. Мо дигар ҳақ надорем, ки хато кунем», — гуфт Саркисян.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button