Коррупсия

КАСЕ КИ МЕГУЗАШТ, БОЯД “ДОЛЯ” МЕДОД: БОЗДОШТИ ЯК АФСАР ДАР ГУЗАРГОҲИ САРАЗМ

Як афсари қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар гузаргоҳи Саразм дар марзи Панҷакент бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шудааст.Як манбаъ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки афсари қисми низомии 0203-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ рӯзи ҷумъа, 21 январ ҳангоми аз шаҳрвандон гирифтани пора барои «иҷозат додан ба убури сарҳад», яъне “доля”, дастгир шудааст.Гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм яке аз гузаргоҳҳои умда дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон буда, ба гуфтаи корафтодагон, масъулони ин гузаргоҳ, аз ҳар нафаре, ки ба Ӯзбекистон меравад, «ҳақ» талаб мекарданд. Ба истиснои шаҳрвандони Русия ва хориҷиён.»Шапка» ё “доля” -и сарҳадбонон ҳоло аз 100 сомонӣ ба болост. Вале дар тобистони соли гузашта мавридҳое буд, ки аз мардуми роҳакӣ ҳатто то 1000 сомонӣ ҳам мегирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button