ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Бемории 36 каси дигар дар Тоҷикистон тасдиқ шудааст

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ гирифтории 36 нафари дигарро ба бемории коронавирус тасдиқ карданд. Маълум нест, онҳо ба омикрон, навъи ҷаҳишёфтаи бемории ҳамагир, мубтало шудаанд ё навъҳои дигари он.

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз моҳҳо танаффус, рӯзи 20-юми январи имсол, дар бораи бозгашти бемории ҳамагир ба кишвар хабар доданд.

Ба итилои расмӣ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17154 нафар бемор шуда, 124 кас ҷон бохтаанд.

Айни замон дар кишвар мардуми зиёде ба бемориҳои роҳҳои нафас ба мисли сармохӯрдагӣ гирифторанд, ҳарчанд мегӯянд, беморӣ сабук ва зуд мегузарад. Аз ин рӯ, мутахассисон ба омори Вазорати тандурустӣ дар бораи сирояти ками беморӣ дар миёни мардум шубҳа доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button