ТОҶИКИСТОН

Хитоби сахти ХОЧИ МИРЗО ба СУЛАЙМОН ВА БАГУРУҲИ 24 (Видео)

Сулаймон Орзуев- душмани сулҳи тоҷиконЧанд вақт мешавад, ки дар шабакаи “Ютуб” Сулаймон Орзуев худро ба намоиш гузошта, доираи муайяни тафаккури зидди манфиатҳои миллиро ҷалб карда истодааст.Сулаймон дар ҷараёни чунин суҳбатҳо бисёр ноҷавонмардона рафтор карда, намегузорад онҳое, ки таҳлили воқеъӣ мекунанд, садояшон дар эфир пахш шавад.Ман худам суҳбаташро бо як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки воқеъбинона ҳаёти имрӯзаи тоҷикистониёнро таҳлил кард, Сулаймон ба ӯ фишор оварда нагузошт, ки Ӯ суҳбаташро идома диҳад. Наворашро ман сабт кардам ва агар лозим ояд мегузорам дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Аз ин нуқтаи назар хулоса баровардан мумкин аст, ки Сулаймон худ як душман ва хоини давлату миллат аст.Мегӯяд ман мардумро ба ҷанг даъват накардаам. Сад маротиба рӯяшро сиёҳ кардааст, дар тамоми наворҳояш кӯшиш мекунад, ки мардумро бо ҳам шуронад ва ким кадом як масъалаҳоеро ба миён мегузорад, ки ҷуз ангехтани кинаву адоват нисбат ба сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон ба мардум чизи дигар намедиҳад.Барои ҳамватанонам ман имрӯз ё фардо чеҳраи аслии ин ноҷавонмардонро возеҳтар ошкор мекунам ва равшан месозам, ки ин зархаридон ба нафъи хоҷагону бар зарири мардуми осоишта кор намуда истодаанд. Сулаймон шогирди Кабирии хоин буда, дар асоси нақшаҳои ин ватанфурӯш фаъолияташро ба роҳ мондааст. Корҳои ин чуҷаи Кабирӣ идомаи “мантиқ”-ии барномаҳои Ҳусейн Ашӯров аст. Ин касиф ҳам чун дигарҳош фақат идеяҳои вайронкориро андешида, амалӣ мекунанд.Инҳо дигар кор надоранд. Дар хориҷи кишвар ин занакчаҳоро ҳатто барои фаррошӣ истифода намекунанд. Аз ҳамин хотир як кулбаи вайронаро иҷора гирифта тавассути насия телефон мехаранду ба худнамоишӣ дар шабакаҳо мегузаранд. Лайк ва обуначӣ зора мекунанд аз мардум, ки воқеан ҳам саҳнаҳои бисёр аз мантиқ дуру бемаънӣ аст.Барои ҷавонмард чунин рафтор намезебад. Ба ҷойи дасисабозӣ ва тафриқангезӣ Сулаймони ноҷавонмард аз пушти телефон хезу рафта ягонҷо кор кун, меҳнат кун, заҳмат каш ва рӯзгоратро пеш бар!Худо ҷазоятонро диҳад, ки аз пушти чунин вайронкориҳои шумо як маротиба Ватан хароб гашт. Оҳи дили миллат шуморо гирад!

Хитоби сахти ХОЧИ МИРЗО ба СУЛАЙМОН ВА БАГУРУҲИ24

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button