ТОҶИКИСТОН

Асрори марги Сӯҳроби Сафарзод, ки 5 зан дошт: оё шаби фавташ дар хонаи Ҳабиба буд?

Ҳабиба Давлатова сабаби марги Сӯҳроби Сафарзодро гуфту шарҳ дод, ки шаби маргаш сароянда дар куҷо буд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ҳабиба Давлатова овозхони шинохтаи тоҷик, дар бораи марги Сӯҳроби Сафарзод нақл кард ва гуфт, пас аз реҳлати ӯ ва Баҳроми Ғафӯрӣ худро танҳо эҳсос мекунад.Ба нақли Ҳабиба, Сӯҳроб панҷ зан доштааст ва гоҳе бо якуму гоҳе бо дуюм ва дигарон зиндагӣ мекардааст.Пас аз марги Сӯҳроб миёни мардум овоза шуда буд, ки ӯ шаби маргаш дар хонаи Ҳабиба будааст, вале ҳунарманд ин иддаоро рад мекунад.»Вақте мо ҷанозааш рафтем, модараш аз ман пурсид, ки ӯ ҳамон шаб дар хонаи шумо буд? Ман гуфтам: «Не холаҷон дар хонаи ман набуд, агар мебуд шояд ман ӯро наҷот медодам», — гуфт Ҳабиба.Ба нақли сароянда, Сӯҳроб дар хонаи як «бародар», ки бо санъаткорон ҳамнишин будааст ва дар ҳамсоягии Ҳабиба ба сар мебурдааст, буд.https://www.youtube.com/embed/XX_5t-SO1sIДавлатова мегӯяд ба сабаби ин, ки мошини Сӯҳроб дар саҳни ҳавлӣ гузошта шуда буд, ҳама фикр кардаанд, ки ӯ дар хонаи Ҳабиба будааст..Ҳабиба мегӯяд, сабаби марги Сӯҳроб на истеъмоли нашъа, чуноне ҳама мегӯянд, балки бемории дил будааст.»Лабонаш каб-кабуд буд. Дилаш кафидааст», — гуфт Ҳабиба ва афзуд, ки Сӯҳроб тез — тез аз дарди дил шикоят мекард.Сӯҳроби Сафарзод 10 декабри соли 2010 дар синни 30-солагӣ аз олам чашм пӯшид.Ҳабиба Давлатова сарояндаи шинохтаи тоҷик хоҳарбузурги Моҳира Тоҳирӣ — сарояндаи шинохтаи санъат аст. Ба нақли сароянда онҳо чор фарзанданд, се хоҳад ва як бародар.Худи Ҳабиба соҳиби се духтар ва чор набера мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button