ТОҶИКИСТОН

ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ СЕ СОКИНИ ИСФАРА ҲАЛОК ВА СЕ ТАНИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДАНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 20-уми январи соли 2022, тахминан соати 07:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сатторов Абдулаким Абдувосидович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Исфара-Конибодом-Ғафуров», бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Ҳайдарзода Абдувосит Ғанӣ, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Конибодом, бархӯрдааст.Дар натиҷаи бархӯрд, ронандагон: Ҳайдарзода А.Ғ., Сатторов АА. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Қаюмова Муслимахон Ҳасанбоевна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Исфара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.Мусофирони дигари автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сатторов Абдухолиқ Ҳасанбоевич, соли таваллудаш 1970, Исматова Таборахон Ҳасанбоевна, соли таваллудаш 1969 ва Сатторова Умидахон Ваҳобовна, соли таваллудаш 1940, сокинони шаҳри Исфара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ин алакай панҷумин садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон аст, ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад. Дар ин 5 садама дар умум 7 нафар ҷон бохта, дастикам 4 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Лозим ба зикр аст, ки аз ин 5 садама 3 садамааш дар Исфара рух дода, 5 тан аз қурбониёни ин ҳодисаҳои нохуш сокинони Исфара мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button