Хабарҳо

Пентагон: «Чархболҳои Афғонистон, ки дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҳастанд, ба Толибон дода намешаванд»

Пентагон: «Чархболҳои Афғонистон, ки дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҳастанд, ба Толибон дода намешаванд»Вазорати дифои Амрико мегӯяд, чархболҳои артиши пешини Афғонистон, ки дар пайи суқути Кобул ба Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол ёфта буданд, ба Толибон дода намешаванд. Масъулини гурӯҳи Толибон борҳо аз Тоҷикистон ва Узбекистон хостанд, то ин чархболҳоро ба Афғонистон баргардонанд. Расонаҳо қаблан гуфта буданд, ки Душанбеву Тошканд аз Амрико тақозо кардаанд, ки шуморе аз чархболҳоро дар назди худ нигоҳ доранд.Ҷон Карбӣ, сухангӯи Вазорати дифои Амрико рӯзи 18-уми январ зимни як нишасти хабарӣ дар посух ба пурсиши хабарнигорон роҷеъ ба сарнавишти ин чархболҳо гуфт, ки онҳо ҳанӯз сари ин мавзуъ кор мекунанд. «Аммо ман фикр мекунам, ки онҳо ба Афғонистон фиристода намешаванд, то аз ҷониби Толибон истифода шаванд»,-афзуд ӯ.Аммо сухангӯи Вазорати дифои Амрико дар бораи онки, онҳо дар ниҳоят чӣ коре анҷом медиҳанд ва ин чархболҳо ба куҷо мераванд, гуфт, баррасиҳо идома дорад.Изҳороти ин масъули Вазорати дифои Амрико дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта як мансабдори ҳукумати Толибон ба Тоҷикистону Узбекистон ҳушдор дод, ки ҳавопаймо ва чархболҳои Афғонистонро баргардонанд. Мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти Вазорати дифои ҳукумати Толибон рӯзи 11-уми январ дар ҷараёни машқҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар Кобул гуфт, Тоҷикистон ва Узбекистон «набояд дар ин маврид сабр ва таҳаммули афғонҳоро озмоиш кунанд».»Ҳавопаймоҳои мо, ки назди Шумо ҳастанд, агар дар Тоҷикистон ҳастанд ё Узбекистон, ба мо дубора супурда шаванд. Мо ҳеч гоҳ иҷоза намедиҳем, ки ҳавопаймоҳои мо дар хориҷ бимонанд ва аз онҳо истифода кунанд,» — таъкид кард ӯ.Сарпарасти Вазорати дифои ҳукумати Толибон афзудааст, «агар ҳавопаймоҳо дубора ба Афғонистон супурда нашаванд, пайомадҳои баде ба ҳамроҳ хоҳад дошт». Аммо ӯ ҷузъиёти дигаре надод, ки пайомадҳо чӣ хоҳанд буд.Тоҷикистону Узбекистон ба ин талаби ҳокимони нав дар Кобул ба таври расмӣ вокунише нишон надодаанд. Аммо бархе расонаҳо аз қавли коршиносони ин ду кишвар навиштанд, ки Толибон ҳаққи талаб кардани ин чархболҳоро надоранд, чун онҳо аз сӯи ҳеҷ кишваре ба расмият шинохта нашудаанд ва талаби онҳо ғайриқонунӣ ва ғайримантиқӣ аст.Гуруҳи ҳоким дар Кобул иддао дорад, ки даҳҳо чархболу ҳавопаймо пас аз фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон моҳи августи соли 2021 омадани низомиёну халабонҳои афғонро тасдиқ кардаанд, вале дар бораи будани чархболу ҳавопаймоҳо иттилои пурра надодаанд.Аз ин қабл масъулони ҳукумати Толибон гуфта буданд, ки дар бораи баргардондани чархболҳо бо Душанбе ва Тошканд гуфтугӯҳое анҷом шудааст, аммо ин ду кишвар ҳозир нашудаанд, ин чархболҳоро ба Афғонистон бидиҳанд.Хабаргузории «Рейтерз» қаблан гузориш дода буд, ки Тоҷикистон ва Узбекистон ният доранд, баъзе аз ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомиеро, ки дар ҷараёни суқути Кобул ба ин кишварҳо интиқол дода шудаанд, ба Афғонистон пас надиҳанд.Ба навиштаи хабаргузорӣ, ин ду кишвар аз Амрико тақозо кардаанд, ки шуморе аз чархболҳоро дар назди худ нигаҳ доранд. Манбаъҳои амрикоӣ он замон ҳам гуфтанд, Вашингтон дархостҳои ин кишварҳоро баррасӣ дорад. Аксари ин чархболҳо аз тарафи Амрико ба нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дода шуда буд.Пас аз сарнагунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли 2021, даҳҳо халабони Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд ва се моҳ дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ шуданд. 143 халабон ё пилотҳои афғонистониро шаби 10-уми ноябри соли 2021 аз Душанбе ба шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button