ТОҶИКИСТОН

Кӣ чӣ кор кард? Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2021 натиҷагирӣ мешавад

Дар маҷлиси васеи ҳукумати нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2021 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2022 муайян карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар душанбе таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукуматим Тоҷикистон ҷаён дорад, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти кишвар.Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ҳузур доранд.Ҳамзамон дар ҷаласа, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, дар ин маҷлис нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2021 натиҷагирӣ мешавад ва ҳамзамон вазифаҳои асосӣ барои соли 2022 муайян хоҳанд шуд.Бино ба иттилои як манбаи Sputnik Тоҷикистон аҳ ҳукумати кишвар, зимни ин ҷаласа дар назар аст, ки тағйироти кадрие сурат бигирад.Аммо ӯ гуфт, дақиқ нест раисиҷумҳур тағйиротро дар кадом ниҳодҳо анҷом медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button