Хабарҳо

Вазорати мудофиа барои 80 вазифаи холӣ корманд меҷӯяд

ДУШАНБЕ,  Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон феълан 20 ҷои кори холӣ дорад, ки интизори довталабони кор мебошанд.Ба иттилои Вазорати мудофиа, дастгоҳи марказӣ ба мутахассисону сармутахассисон дар шуъбаҳои гуногун, аз қабулгоҳ то бахшҳои ҳуқуқӣ, компютерӣ, кадрӣ, муҳосибот, сӯзишворӣ, кишоварзӣ, лоиҳакашӣ, молия ва назорати техникӣ ниёз дорад.Дар Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон низ 10 ҷои кори холӣ ба озмун пешниҳод гардидааст. Ситоди кул мутахассиси пешбари Маркази верификатсионӣ, сардори зершуъбаи ҳуқуқ ва тарҷумонӣ, мутахассиси идоракунии техникӣ ва муҳофизати ахборот ва кормандони бахши топогеодезӣ, фотограметрӣ ва картографиро меҷӯяд.Раёсати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ низ мунтазари довталабони чор ҷоий кори холӣ мебошад, ки сардори гурӯҳи тарҷумонӣ, мутахассиси пешбари хадамоти хоҷагидорӣ ва мутахассиси хадамоти обуҳавосанҷӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар Раёсати қӯшунҳои зудамал низ чор ҷойи кор феълан холист. Раёсати қӯшунҳои хушкигард ҳафт ҷои кори холиро ба корҷӯён пешниҳод намудааст.Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе низ ҳафт ҷои кори холиро ба озмун гузоштаанд, ки аксарияташон мутахассисони даъвату тайёрии ҷавонон ва сафарбарӣ мебошанд.Инчунин комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб, Роғун ва Рӯдакӣ ҳудуди 18 вазифаи холӣ доранд, ки феълан мунтазири хоҳишмандони коранд.Дар литсей ва Донишкадаи ҳарбӣ низ чор ҷойи кор феълан холист.Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри талабот дар сомонааш аз довталабон хостааст, давоми 21 рӯз баъди нашри ин эълон ҳуҷҷатҳоро ба шуъбаи кадрии дастгоҳи вазири мудофиа ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар 59 пешниҳод намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button