КоронавирусХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

ЭҲТИЁТ! Дар Узбекистон афзоиши рекордии ҳолатҳои коронавирус аз замони оғози пандемия ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбеи 16 январ дар Узбекистон расман 1037 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, хабар додааст имрӯз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Узбекистон.

Шумораи умумии ҳолатҳои дар тамоми ин муддат ошкоршуда аз 206,1 ҳазор нафар гузашт. Давоми  рӯз  бинобар пайомадҳои COVID-19  3 фавт ба қайд гирифта шуд. Шумораи умумии фавтидагон 1518 нафарро ташкил медиҳад.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки рӯзҳои охир афзоиш ёфтани ин беморӣ мардумро бисёр нигарон кардааст. Сарфи назар аз гузариши баланд, дар аксари мавридҳо ин беморӣ бо нишонаҳои сабук сурат мегирад ва асосан аломатҳои бемориҳои роҳи нафас дорад, аз ин рӯ, аз сокинон даъват карда мешавад, ки ба воҳима наафтанд, қоидаҳои карантинро риоя кунанд ва ваксинаи зидди COVID-19 гиранд.

Ин баландтарин нишондиҳанда аз замони оғози пандемия дар моҳи марти соли 2020 мебошад. Қуллаи баландтарини қаблии беморӣ 5 августи соли 2021 буд, ки дар ин рӯз 974 ҳолат ба қайд гирифта шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button