Ӯзбекистон нахустин ҳавопаймои бесарнишин дар Осиёи Марказӣ сохт — видео

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ӯзбекистон роҳи истеҳсоли ҳавопаймои низомии бесарнишинро аз худ кард.Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Кумитаи давлатии саноат хабар медиҳад.»Дар назди Кумитаи давлатии саноати дифоъ як маркази илмӣ-истеҳсолии системаҳои бесарнишини ҳавоӣ таъсис дода шуд. Дар ин марказ истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини «Лочин» (Сокол), ки ба талабот ва стандартҳои байналмиллалии фаннӣ комилан ҷавобгӯ аст, ба роҳ монда шудааст», — гуфтанд дар Кумитаи давлатӣ.
Хусусиятҳои техникии дастгоҳ ва иқтидори истеҳсолии он ошкор карда нашудааст. Наворҳои Кумитаи давлатй гувоҳӣ медиҳанд, ки маркази УАВ дар марҳалаи аввал истеҳсоли ду намуди дрон — навъи ҳавопаймо ва квадрокоптерро азхуд кардааст.Маркази бунёдшуда бо таҷҳизоти технологӣ, лабораторӣ ва озмоишӣ барои истеҳсол, ҷамъоварӣ, таъмир ва хидматрасонии ҳавопаймоҳои бесарнишин пурра муҷаҳҳаз шудааст.