ВарзишХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Дар олимпиадаи Техас хонандагон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иштирок намуданд

Хонандагони тоҷик аз Техас 15 медал оварданд

Дар шаҳри Техаси Амрико дуюмин олимпиадаи байналмилалии фаннӣ — «Copernicus» баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур аз ду шаҳри бузурги Тоҷикистон — Душанбе ва Хуҷанд хонандагон иштирок намуданд ва соҳиби медалҳо низ гардиданд.Бибар иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, олимпиада 8-16 январи ҷорӣ бо ҳузури 2000 хонанда аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ки дар он хонандагони Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.Манбаъ ммеафзояд, нуҳ нафар аз хонандаи Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе дар ин олимпиада аз фанни биология иштирок намуда, сазовори ҷой гардиданд. Аз ҷумла ду хонанда соҳиби ҷойи дуюм ва 7 нафари дигар ҷойи саввумро гирифтанд.

Ҳамзамон шаш нафар аз хонандаи Литсейи шаҳри Хуҷанд низ соҳиби медал гардиданд. Аз ҷумла як медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми дастаро аз фанни физика хонандагони шаҳри Хуҷанд соҳиб шуданд.Вазорат дар идома менависад, ки ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаи мазкурро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намояндагони Дастгоҳи пезидент, Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button