Илму фанноварӣКоррупсияХабарҳо

Боздошти мақомдори Донишгоҳи миллӣ

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз дастгир шудан ва афви як масъули Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ожонс боздоштшударо сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ кардааст.Ба иттилои манбаъ, муттаҳам бо мақсади ба даст овардани даромади муфту безаҳмат бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш аз шаҳрванд «А» барои дохил намуданаш ба ДМТ пул талаб кардааст. Тавзеҳ дода шуд, ки масъули ДМТ барои дохил кардан ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ талаб кардааст.

Ожонс афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ масъули муттаҳам баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 2500 доллари ИМА дар ҷойи ҳодиса боздошт гардид. Маблағҳои гирифтааш ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфту мусодира гардидаанд.Мақомот мегӯянд, алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми қаллобӣ, бар асоси моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, бо татбиқи қонуни афв қатъ карда шуд.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ қонуни афв қабул карда шуд, ки 17-умин афв дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад. Ба иттилои расмӣ дар доираи афви охирин 11 ҳазору 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button