ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Хонандагони Гимназияи №4 дар рӯи фарш дарс мехонанд

Ба далели нарасидани омӯзгорон дар Гимназияи рақами 4-и шаҳри Душанбе, баъзан хонандагони се синфро дар як утоқ ҷо мекардаанд.

Аз сабаби набудани ҷойи кофии нишаст, қисме аз кӯдакон дар рӯйи фарши синфхона нишаста ва гурӯҳе ҳам рост истода, дарс мехонанд.

Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқатро моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе ба истифода додаанд.

Расонаҳои расмии Тоҷикистон он замон навиштанд, ки дар маросими кушодани мактаб раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок доштанд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои расмӣ, ин мактаб барои 2500 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, “бо тамоми шароит фароҳам аст”.

Мудири гимназия, Назира Назарова, иддаои нарасидани муаллимонро рад кард. Ӯ гуфт, мактаб чунин мушкил надорад.

Дар ҳамин ҳол, як корманди гимназия бе зикри ном гуфт, “ҳолатҳое мешавад, ки муаллимон бемор мешаванд ва кӯдаконро омӯзгори дигар дарс медиҳад.”

Дар ҳамин ҳол маъмурияти Гимназияи рақами 4 дар сомонаи эълонҳои “Сомон.тҷ” навиштааст, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро ҷустуҷӯ дорад.

Дар ин эълон, ки 6-уми январ аз номи мактаб гузоштаанд, гуфта мешавад, “Гимназияи рақами 4 барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе гурӯҳи омӯзгорони синфҳои ибтидоии забони русиро ба кор даъват мекунад. Доштани дипломи омӯзгорӣ ҳатмӣ аст”.

Мақомот нарасидани омӯзгоронро дар мактабҳои кишвар тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, вазъ ба он ҳадде нест, ки сокинону расонаҳо тасвир мекунанд.

Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илм иттилоъ дода буд, ки дар умум дар кишвар беш аз 2 ҳазор омӯзгор намерасад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button