Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд пас аз поёни сафарҳояш ба Афғонистон бармегардад

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар гуфтугӯ бо шабакаи “India Today” изҳор доштааст, ки бахши зиёди аз кӯҳҳои Ҳиндукуш таҳти назорати нерӯҳои муқовимат аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Sputnik Афғонистон”, дар истинод ба “Афғонистон Интернешнл”.Назарӣ дар мавриди ин ки бозгашти Аҳмад Масъуд ба маънои даври ҷадиди муборизот мусаллаҳона ӯ аст ё хайр, тавзеҳ надод.Қаблан Мавлӣ Муттакӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷаи толибон ба Аҳмад Масъуд ва тарафдоронаш итминон дода буд, ки метавонанд ба Афғонистон баргарданд.Оқои Назарӣ ба «India Today» гуфт: «Мо пешниҳоди ӯро рад кардем. Онҳо соҳиби кишвар нестанд, то ба мо иҷоза диҳанд ба Афғонистон баргардем».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button