ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Интиқоди Рустами Эмомалӣ аз камбудиҳо дар сохтмонҳои пойтахт ва кашолкориҳо дар роҳсозӣ

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе зимни ироаи ҳисобот аз фаъолияти панҷсола дар ҷаласаи ахираш тамоми соҳаҳоро дар пойтахт баррасӣ карда бахши сохтмону роҳсозиро ба интиқод кашид.Ӯ гуфтааст, ки ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт, иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо дарназардошти санъати баланди меъмории миллӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ба наслҳои оянда садсолаҳо хизмат расонанд.Аммо Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки дар ин робита кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд.»Аксар вақт биноҳо бе инобати роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, шароит барои маъюбон, таваққуфгоҳҳо бунёд карда мешаванд», — гуфтааст шаҳрдори пойтахт.Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ӯ ба муовини якум ва сохторҳои дахлдор дастур дода тадбирҳо андешанд.Ёдовар мешавем, қаблан низ Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар низ аз ифшои камбудиҳо дар сохтмонҳои пойтахт ва махсусан биноҳои бунёдкардаи ширкати таҳти идораи Бег Сабур гуфта буд.Сокинони пойтахт анқариб ҳамарӯза аз кашолкорӣ дар сохтмонҳо ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ менависанд.Ҳамзамон Рустами Эмомалӣ аз бахши роҳсозӣ дар пойтахт низ изҳори норозигӣ кардааст.Шаҳрдор аз ҳолатҳои кашол додани муҳлати иҷрои корҳо дар баъзе иншооти роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи пастсифат ва баъди ба истифода додани роҳҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо ёдовар шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа ва дар муҳлати муқарраршуда мутобиқ ба стандартҳои муосир ба истифода додани роҳҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button