Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Амрико таҳримҳои Кореяи Шимолиро сахттар кард

Иёлоти Муттаҳида нисбати шаш шаҳрванди Кореяи Шимолӣ, як шаҳрванди Русия ва як ширкати русӣ таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Амрико ин афрод ва ширкатро дар интиқоли мавод барои барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ муттаҳам медонад.

Таҳримҳои нав дар ҳоле ҷорӣ шуданд, ки Кореяи Шимолӣ озмоиши нави мушакӣ анҷом додааст.

«Тасмими имрӯзӣ — қисме аз талошҳои Амрико аст, ки ба хотири пешгирӣ аз рушди барномаи сохтани силоҳи қатли ом ва озмоиши мушакҳои болдор роҳандозӣ шудааст,» — гуфт Брайан Нелсон, муовини вазири молияи Амрико.

Вай илова кард, ки Кореяи Шимолӣ истифодаи намояндагиҳои хориҷиро барои дастрасии маводи барномаи ҳастаӣ идома медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button