ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Падари Чоршанбе пас аз дидор бо ӯ: Ҷои гарм, либоси тоза ва шароити хуби тамрин дорад

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Чоршанбе Чоршанбиев, размикор ва блогери боздоштшудаи тоҷик ахиран иҷозати дидор бо пайвандонашро дарёфт кард.Ба хабаргирии ӯ падар ва модаркалонаш рафтаанд ва пас аз дидор бо ӯ аҳволи Чоршанберо хуб арзёбӣ карданд.Пайвандони размикори боздоштшуда пас аз вохӯрӣ бо ӯ дар боздоштгоҳ дар як сабти мустақими видеоии Музаффари Имомдод, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ дар кишвар таассуроти худро аз дидани Чоршанбе баъди чанд рӯзи дар боздоштгоҳбуда изҳор доштанд.Авазхон Чоршанбиев гуфт, фарзанди ӯ дар боздоштгоҳ бо ҷойи гарм, либоси тоза таъмин аст. Ба таъкиди ӯ, барои Чоршанбе ҳатто шароити тамрин кардан ҳам фароҳам оварда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button