ИқтисодТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Кортошка арзон мешавад? Истеҳсоли беш аз ниммиллионтоннаи себи заминӣ

Мақомоти Суғд эълон кард, ки дар соли 2021 танҳо дар ҳамин минтақа 530 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2020 наздик ба 18 ҳазор тонна картошка зиёд будааст

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Мақомоти Суғд хабар додааст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар соли 2021 ба маблағи 12 млрд. 299,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки ба 107,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2020 баробар мебошад.Манбаъ қайд кардааст, ки дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.Ҳамзамон мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 121417,0 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимаккаи дон), аз ҷумла 54936,6 гектар гандум, 50449,4 гектар ҷав ва 9198,3 гектар шолӣ кошта шудааст.Ҳамзамон зикр шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ майдони кишти гандум 4780,6 гектар ва шолӣ 5,0 гектар афзудааст. Масоҳати кишти ҷуворимакка барои дон 6437,2 гектар ва зироатҳои хўроки чорво 42773,3 гектарро ташкил намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button