Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Қадрдонии мақомоти тандурустии Русия аз пизишки тоҷик

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Кумитаи тандурустии вилояти Волгогради Русия пизишки тоҷик, мутахассиси беҳушӣ ва муроқибатҳои вижа (анестизиолог-реаниматолог) Илҳом Худобердиевро бо ифтихорнома қадрдонӣ кард.Худобердиев дар саҳифааш дар Instagram  акси ифтихорномаро нашр кардааст.

«Ифтихорнома ба Худобердиев Илҳом — пизишки мутахассиси беҳушӣ ва муроқибатҳои вижаи шуъбаи асабшиносии табобатхонаи Марказии ноҳиявии Михайловская барои меҳнати софдилонаи чандинсола дар соҳаи тандурустии вилояти Волгоград супорида мешавад».Илҳом Худобердиев аз соли 2018 ба ин сӯ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Михайловкаи вилояти Волгоград ба ҳайси пизишки мутахассиси беҳушӣ ва муроқибатҳои вижа кор мекунад.Аз оғози ҳамагирии коронавирус, пизишки тоҷик дар «минтақаи сурх» — и беморхона фаъолият карда бар зидди ин вабои аср мубориза мебарад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button