АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

СММ: Афғонистон бе дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ зинда намемонад

Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудаст, ки ба Афғонистон кумаки фаврӣ расонанд, вагар на шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бидуни кумак зинда намемонанд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. СММ муайян намудааст, ки соли ҷорӣ барои наҷоти Афғонистон чӣ миқдор маблағ лозим аст.Хадамоти матбуотии сомони мазкур мегӯяд, имсол бояд ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон 4,4 миллиард доллар ихтисос дода шавад. Ин маблағ ба 22 миллион шаҳрвандони дохили Афғонистон ва ҳамчунин 5,7 миллион афғонистониҳо, ки берун аз ватан қарор доранд, масраф мешавад.Манбаъ меафзояд, ба 23 миллион нафар хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад.»Беморхонаҳо аз кӯдакони беҳолу бемадор пур шудаанд, муаллимон музди меҳнат намегиранд, миллионҳо кӯдакон аз имконияти таҳсил маҳруманд- ин гуна аст вазъият дар Афғонистони имрӯза», — омадааст дар хабар.СММ ҳамзамон аз гарони нархи озӯқаворӣ ва маводи сӯхт изҳори нигаронӣ намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button