Нуқтаи назар

Низомӣ кофист, техника лозим: Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон чӣ кард?

Мақомоти Тоҷикистон вазъият дар марз бо Афғонистонро пайваста таҳти назорат доранд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тоҷикистон тадобири кофӣ барои ҳифзи марзаш бо Афғонистонро андешидаст, навиштааст РИА Новости бо такя ба манобеаяш дар мақомоти қудратии кишвар.»Чораҳо дар мавриди ҳайати шахсӣ, ки то ҳол амалӣ шудаанд, феълан кофиянд. Мутахассисони тайёр, низомиёни таҳсилдидаро кофӣ дорем», — гуфт мусоҳиб.Вай афзудаст, ки ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бояд аз нуқтаи назари техникаи низомӣ таҳким ёбад, ки раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко низ дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД аз он гуфт.

Манбаъ дар мавриди «ячейкаҳои хуфта» таъкид намудаст, ки назорати пайваста ва бартарафсозии онҳо ҳанӯз аз соли 2011-ум ёфтааст, ки он замон сафари шаҳрвандони кишвар ба Сурия ва Ироқ оғоз шуда буд.

«Ячейкаҳои хуфта метавонанд гуногун бошанд. Аз террористу экстремистҳо то аҳзоби мухолифин, ки ҳаракаташон дар кишвар мамнуъ шудааст. Ҳамаи онҳое, ки метавонанд оромиро халалдор кунанд, таҳти назортанд», — таъкид намудаст мусоҳиб.Ин дар ҳолест, ки Эмомомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои узви СААД аз «ячейкаҳои хуфта»-и террористҳо ҳушдор дода, инчунин таъкид намуд, ки вазъ дар минтақаи марзии Афғонистон майли мураккабшавӣ дорад.Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз он гуфт, ки Барномаи байнидавлатии таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон қабулу татбиқ нагардидааст. Вай аз роҳбарони кишварҳои узви СААД даъват намуд, ки дар марзҳои ҷанубии созмон камарбанди амниятӣ ташкил карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button