Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Боздошту ҳабси марде барои ташкили қиморбозӣ ва ё «алик-малик» дар Душанбе

Марди боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ чандин бор дастгир гаштааст, аммо боз кирдорашро давом додааст

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе як қиморбози ашадиро дар пойтахт боздошт кардаанд.Ба иттилои манбаъдафтари матбуотии РВКД, боздошт ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани чунин ҳолатҳо сурат гирифтааст.Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани санҷиши навбатӣ марди 53-сола М.М.У истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Навоӣ ҳангоми қиморбозӣ дар кӯчаи Фирдавсӣ аз ҷониби кормандони милисияи пойтахт дастгир карда шуд.Манбаъ мегӯяд, ҳарчанде қаблан чандин маротиба ин мард аз ҷониби кормандони мақомот дастгир ва барои ин кирдори ғайриқонунӣ нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам, тарки ин амали ғайриқонунӣ накардаааст.»Ӯ баръакс дар назди худ шаҳрвандони зиёдеро ҷамъ намуда, ба бозии «алик-малик» машғул ва бо ин роҳ маблағ ба даст меовард», — афзудааст манбаъ.Вобаста ба ин нисбати боздоштшуда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин мавриди боздошти ташкилкунандагони бозии «алик-малик» дар пойтах нест.Муҳаммадраҷаби Карим, як сокини пойтахт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки қиморбозон бештар барои ташкили бозии «алик-малик» бештар ҷойҳои серодамро интихоб мекунанд.Ба гуфтаи ӯ санҷишҳо дар ин самт ба таври кофӣ сурат роҳандозӣ нашудаанд, вагарна даҳҳо мавридро ҳамарӯза дар ҷойҳои серодаму бозорҳои пойтахт дидан мумкин аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button