Хабарҳо

Қазоқистон ҳимояи нафташро ба нерӯҳои Тоҷикистон бовар кард

Маълум гардид, ки нерӯҳои сулҳофари Тоҷикистон, ки ҳоло дар Қазоқистон қарор доранд, дар ин кишвар чиро ҳимоя мекунанд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Нерӯҳои сулҳи Тоҷикистон, ки дар доираи як миссияи посдори сулҳ вориди Қазоқистон шудаанд, анборҳои нафтиро посбонӣ мекунанд.Шабакаи телевизионии «Россия 24» хабар медиҳад, ки нерӯҳои посдори сулҳи СААД, ки ба Қазоқистон ирсол шудаанд, дар байни иншоотҳо тақсим шуданд ва ба таври шабонарӯзӣ аз пайи хидмат ҳастанд.Манбаъ меафзояд, Қазоқистон ҳимояи анборҳои нафтро ба дӯши нерӯҳи Тоҷикистон вогузор кард.

Гуфта мешавад, нерӯҳои сулҳи Беларус фурудгоҳи ин кишвар, низомиёни қирғизистонӣ аз Маркази барқу гармидиҳӣ ва нерӯҳои Русияву Арманистон фурудгоҳи шаҳри Алмаато ва як қатор иншоотҳои дигари стратегитро посбонӣ мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро ба Қазоқистон ирсол кард.Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, омодагии кишварро барои иштирок дар василаҳои сулҳофарии СААД дар Қазоқистон баён дошта, онро ҷузъе аз уҳдадориҳо дар доираи созмон арзёбӣ кард.Раҳмон дар суҳбат бо ҳамтои қазоқаш, Қосимҷомарт Тоқаев изҳори умед кардаст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.Феълан кишварҳои узви СААД — Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд

Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд.Расонаҳо хабар доданд, ки бар асари ин ошӯбҳо дасти кам 164 нафар дар Қазоқистон кушта шуд, вале ҳукумати ин кишвар шумори кушташудагонро дур аз воқеият хонд ва изҳор дошт, ки маълумот дар бораи теъдоди қурбониён иштибоҳан нашр шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button