ТОҶИКИСТОН

САРДОРИ МИЛИСА БА ПЕШОНИИ САРТАБИБИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ПИСТОЛЕТ МОНДА, СИПАС БА ҲАВО ДУ ТИР ЗАДААСТ

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки шаби 31 декабри соли 2021, дар ҷараёни як моҷаро полковник Қурбоналӣ Пӯлод Барфӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун, ба пешонии Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳия, таппонча гузошта, пас аз кашокаш ба ҳаво ду тир холӣ кардааст.Ҳоло додситонии вилояти Хатлон ин қазияро таҳқиқ мекунад. Мақомот расман моҷарои байни мансабдорони баландпоя дар ноҳияи Ҷайҳунро шарҳ намедиҳанд, вале ба иттилои Озодӣ, вазорати корҳои дохилӣ барои ин кор алакай рӯзи 3-юми январ Пӯлод Барфиро аз мақомаш барканор кардааст. Ҳоло Исроил Ғоибзода иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун таъйин шудааст.Бино ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, сабаби муноқиша ин будааст, ки гӯё кадом хеши сартабиби Ҷайҳун нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ доштааст ва ба Пӯлод Барфӣ беэҳтиромӣ кардааст. Пӯлод Барфӣ дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки “ҳеч ҷанҷоле набуд”. Вазорати корҳои дохилӣ мавзӯъро шарҳ надодааст, вале дар додситонии вилояти Хатлон ҳодисаро тасдиқ карданд.“Ҳодиса шаби Соли нав дар як тарабхонаи ноҳия рух додааст. Он ҷо раиси суди ноҳия ва сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Ҷайҳун низ ҳузур доштаанд. Онҳо ҷанг байни ду нафарро халос карда, бо даъвати дигарон таппончаро аз дасти сардори ШВКД гирифтаанд,” — гуфтааст яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахост номаш фош шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button