Ҷомеа

ФИРЕБ БА МАБЛАҒИ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ ВА БОЗДОШТИ РОҲЗАНҲОИ ГИПРОЗЕМ

Сокини 34-солаи пойтахт ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст, ки рӯзи 19 июли соли 2021 марди 27-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 165 ҳазору 353 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.хххххххххххххДу сокини ноҳияи Восеъ ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 2 январ, соати 23:10 дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе 70 ҳазор сомонӣ ва телефони як сокини ноҳияи Ҳамадониро бо зӯрӣ аз ҷайбаш кашида гирифтаанд. Ин афрод ҳамчунин ба он гумонбар мешаванд, ки соати панҷи субҳи 31 декабр ҳамроҳ бо як навраси 16-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дар ҳамин маҳаллаи Гипрозем низ бо зӯрӣ телефон ва 2 ҳаҳр сомонии сокини 40-солаи ноҳияи Файзободро ба яғмо бурдаанд.хххххххххххххххххДу сокини қаблан судшудаи Душанбе ба дуздии ду зинапоя аз бозори “Корвон” ва ду сокини ноҳияи Кушониён ба дуздии дорувор ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ аз як дорухона дар ноҳияи Данғара гумонбар мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button